«КАРТОТЕКА». Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба низоми нави рақамии баҳисобгирии маблағу воситаҳо мегузарад
ДУШАНБЕ, 12.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди рақамисозиро фаъолона рушд дода, низомҳои муосири иттилоотиро дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ менамояд. Дар доираи ин стратегия гузариш ба низоми электронии баҳисобгирии маблағу воситаҳо бо номи «Картотека» ба нақша гирифта шудааст.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар иртибот ба ин ба Раёсати молия ва баҳисобгирии муҳосиботии вазорат супориш дода шудааст, ки дар нимсолаи дуюми соли равон маблағ, маводи сӯхт, равғанҳои молиданӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар воситаҳо тавассути картотекаҳои электронӣ тақсим карда шаванд.
Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» муваззаф гардидааст, ки низоми нав, ташкили омӯзиш ва истифодаи онро барои ҳама муассисаҳо ва корхонаҳои соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ намояд.
Моҳияти низоми нав дар эҷоди пойгоҳи мутамаркази рақамии маълумот мебошад, ки имкон медиҳад ҳаракати захираҳо: аз ворид шудани маблағгузорӣ то аз ҳисоб баровардани қисмҳои эҳтиётӣ ё сӯзишвории сарфшуда ба таври электронӣ пайгирӣ карда шавад. Ин низом бояд шаффофият ва самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетиро афзоиш ва хатари сирқат ё хароҷоти ғайримақсаднокро коҳиш диҳад.
Низоми мазкур на танҳо дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёт, балки муассисаҳои тобеи он, корхонаю ташкилоти роҳу нақлиётро низ дар бар хоҳад гирифт.
Татбиқи низоми «Картотека» раванди фаврӣ нест: дар маҳалҳо лоиҳаҳои озмоишӣ ё танзими функсияи модул вақт талаб мекунанд. Ин иқдом як қисми стратегияи фарогири Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи нақлиёт мебошад. Дар доираи ин кор аллакай варақаҳои электронии сафар ва дигар хизматрасониҳои рақамӣ барои интиқолдиҳандагон мавриди истифода қарор дода шудаанд. Вазорати нақлиёт бояд нармафзори мувофиқро интихоб кунад, омӯзиши кормандонро ба роҳ монад ва ҳамгироии низоми навро бо низомҳои дигар иттилоотӣ, ки аллакай дар вазорат истифода мешаванд, ба танзим дарорад.
Бояд гуфт, ки аз 30 модули рақамисозӣ, ки Вазорати нақлиёт муайян сохтааст, ҳоло 13 модул, аз қабили масирсозӣ, низоми мониторинги GPS/GLONASS/BAIDU, тарозуи динамикӣ ва статсионарӣ, шиносномакунии электронии роҳҳо, мукотибаи электронӣ, платформаи ягонаи идоракунии низомҳои нақлиёт, иҷозатномадиҳӣ, сертификатсия, мубодилаи рухсатномаҳо барои ҳамлу нақли байналмилалӣ, харитаи электронии дороиҳои роҳ ва иншооти сунъӣ, шиддатнокии ҳаракат ва модули ҳуқуқвайронкуниҳо дар нақлиёт дар марҳилаи таҳия, тарҳрезӣ ва татбиқ қарор доранд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд






