КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Истеҳсоли ғалладонагӣ 6 маротиба зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 23.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳосили ғалладонагиҳо 1,4 миллион тонна бештар шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Соли 2025 дар ҷумҳурӣ 1,7 миллион тонна ғалладонагӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 1991 ба андозаи 1,4 миллион тонна ё 6 маротиба зиёд аст.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2025 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ майдони кишти зироати ғалладонагӣ 375 ҳазору 709 гектарро ташкил дода, дар 250 ҳазору 044 гектар гандум кишт карда шуд. Соли 2025 истеҳсоли гандум дар Тоҷикистон ба 811 ҳазор тонна баробар гардид, ки нисбат ба соли 1991 662 ҳазор тонна ё 5,4 маротиба зиёд мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






