Китоби «Дар ҳавои Мавлоно»-и Раҳмоналӣ Мирализода рӯнамоӣ гардид

Август 3, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 03.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Дар ҳавои Мавлоно»-и Раҳмоналӣ Мирализода, ки ба тозагӣ аз чоп баромад, рӯнамоӣ гардид.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, нашри чунин осор дар густариши маърифати адабӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангиву адабии бузургони тоҷик нақши муҳим дорад.

Фарқияти муҳимми ин маҷмуа дар он аст, ки шоир ҳолу ҳавои тамсилҳои куҳанро бо фазои дунёи муосир моҳирона пайванд задааст. Зимнан, муаллиф аз ин дурдонаҳо ва ҳикматҳои дурахшон барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии насли ҷавони даврони мо роҳкорҳои ибратангез пайдо карда, ҳамзамон ба тамсилҳои куҳан ҷони тоза ва умри безавол ҳадя кардааст.

«Дар ҳавои Мавлоно» китоби ашъори Раҳмоналӣ Мирализода буда, аз маснавиҳои асосан тамсилии муаллиф иборат мебошад.

Дар китоб мавзуъҳои маърифату ҳикмат, ахлоқ, худшиносӣ ва арзишҳои инсонӣ инъикос ёфтаанд. Китоб асарҳои иҷтимоию ватандӯстонаро низ дар бар мегирад. Аз ҷумла, маснавии «Фарзанди миллат» ва  «Нома ба руҳи Фирдавсӣ» аз ин ҷумла мебошанд.

Муаллиф дар ин китоб забону баёнро ҳам дар шеъри классикӣ ва ҳам муосиру адабиёти мардумӣ дар ҳадди тавозуну эътидол ҳифз кардааст. Эҳсос мешавад, ки ин сабк дар ҷараёни пайдо кардани вижагиҳои фардӣ низ бо тамоюл ба ҳарчи муосиртар шудани ашъор  қарор дорад. Яъне, он бо саъю эҳтимоми рӯзафзуни муаллифи ин дафтар боз натиҷаҳои беҳтар хоҳад дошт.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 3, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад