Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид

Август 5, 2026 10:42

ДУШАНБЕ, 05.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» дар Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯнамоӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб хабар доданд.

Ин китоб тавассути Муассисаи нашриявии «Ирфон» бо таъдоди 7 ҳазор нусха нашр гардида, саҳифаҳои заррини марҳалаи фаъолияти бунёдкоронаву созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маҷмуи маърузаву суханрониҳои Раиси ҳизбро дар анҷуманҳо ва маҷлисҳои ҳизбӣ фаро гирифтааст.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода гуфт, ки бо мутолиаи ин китоб мо шоҳиди роҳи пешрафти Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ мегардем. Ин роҳ роҳи талошу заҳматҳо барои таҳкими сулҳу ваҳдат, пешрафту тараққӣ ва фазои мусоиди зиндагии шоиста барои мардуми Тоҷикистон аст.

Дар ин давра Тоҷикистон маъракаҳои муҳими сиёсӣ: раъйпурсии умумихалқӣ, интихоботи президентӣ, интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вилоят, шаҳр, ноҳия ва ҷамоатҳои деҳотро баргузор намуд.

Дар ҳамаи ин маъракаҳои сиёсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирокчии фаъол ва ҳизби пешсаф буд.

Муҳтавои китоб собитгари он аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби зодаи истиқлол дар ҳама рӯйдоду падидаҳои фараҳбахши замони соҳибихтиёрии мамлакат нақши муассир ва мондагор дорад. Мазмуну идеяҳои ин китоб роҳи минбаъдаи фаъолияти ҳизбро барои давраҳои минбаъда мушаххас менамоянд.

 

АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Август 5, 2026 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид