Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон суханронии Президенти Тоҷикистонро дастҷамъона тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ дастҷамъона тамошо намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар медиҳад.
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-ро мавриди истифода қарор доданд.
Президенти ҷумҳурӣ омӯзгорону хонандагони ин муассисаи зебои замонавӣ ва падару модарони арҷмандро ба муносибати ифтитоҳи он табрик гуфта, ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкори ватанӣ, меъморону муҳандисон ва сохтмончиён, ки ин боргоҳи илму маърифатро бо сифати баланд бунёд кардаанд, барои ташаббуси ватандӯстона ва заҳмати софдилонаашон изҳори миннатдорӣ намуданд.
«Тамоми дастовардҳои мо дар ободиву пешрафти Ватани азизамон, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ки созандаи ояндаи миллат ва давлат ба ҳисоб меравад, маҳз самараи истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ мебошанд»,-иброз дошатанд Пешвои миллат.
Сарвари давлат афзуданд, ки «ҷавонони донишманду соҳибмаърифат, соҳибкасбу соҳибҳунар ва ватандӯсту созандаи мо фардо ба неруи пешбарандаи иқтисоди миллӣ, пояи устувори ҷомеаи пешрафта ва кафолати идомаи роҳи созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил хоҳанд ёфт».
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






