Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд

Август 3, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 03.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастури Раиси шаҳри Душанбе ва дар идомаи татбиқи барномаи хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ барои кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 1 август хатсайри сайёҳии Душанбе – Норак – Душанбе ташкил карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар хатсайри мазкур кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуда, бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд.

Дар доираи хатсайр иштирокчиён нахуст бо фаъолияти Боғи «Анор» шинос гардиданд. Ба онҳо оид ба таърихи бунёди боғ, корҳои ободониву сабзазоркунӣ ва нақши он дар фароҳам овардани муҳити мусоиди истироҳату фароғат маълумот пешниҳод карда шуд.

Меҳмонон ҳамчунин бо навъҳои гуногуни дарахтони анор, имконияти рушди агросайёҳӣ ва саҳми ин мавзеи сабзу хуррам дар беҳтар гардидани муҳити экологии шаҳр шинос шуда, аз манзараҳои зебо ва фазои орому форами он баҳравар гардиданд.

Сипас иштирокчиён бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак», ки бузургтарин иншооти гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ оид ба таърихи сохтмони неругоҳ, иқтидори истеҳсолӣ, нақши калидии он дар таъмини амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти ин иншоот барои рушди иқтисоди миллӣ маълумоти муфассал манзур гардид. Ҳамчунин иштирокчиён бо сарбанди азим, обанбори Норак ва имконоти рушди сайёҳии саноатӣ аз наздик шинос шуданд.

Дар идома иштирокчиён бо мавзеи истироҳативу сайёҳӣ дар соҳили дарёи Вахш шинос гардиданд. Дар ин мавзеъ онҳо бо имконияти фароғатӣ, инфрасохтори хизматрасонӣ ва табиати зебои соҳили дарё ошно шуда, аз ҳавои мусаффо ва манзараҳои дилфиреб баҳравар гардиданд. Ҳамчунин барои иштирокчиён бозиҳои шавқовари шиноварӣ ташкил карда шуд, ки ба барномаи сайёҳӣ ранги тоза бахшид.

Баъдан иштирокчиён дар майдони Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Норак бо иншооти меъморӣ ва рамзҳои давлатии он шинос шуданд. Таъкид гардид, ки майдон яке аз марказҳои асосии баргузории чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангии шаҳр ба ҳисоб меравад.

Иштирокчиён инчунин бо дигар мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии шаҳри Норак шинос шуда, оид ба имконияти рушди сайёҳии экологӣ ва истироҳатӣ, инфрасохтори муосир ва иқтидори сайёҳии шаҳр маълумот гирифтанд.

Таъкид карда шуд, ки шаҳри Норак бо мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ, обанбори бузург, табиати нотакрор ва мавҷудияти яке аз муҳимтарин иншооти гидроэнергетикии минтақа аз ҷумлаи шаҳрҳои дорои имконияти васеи рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.

«Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ, муаррифии имконияти бойи таърихиву фарҳангӣ ва табиии мамлакат, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кормандони мақомоти давлатӣ ба роҳ монда шудаанд, — шарҳ доданд аз раёсати рушди сайёҳии пойтахт. — Татбиқи ин иқдом дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе ва бо иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии дохилӣ ба роҳ монда шуда, то моҳи октябри соли равон баргузории чунин силсилахатсайрҳо ба минтақаҳои гуногуни сайёҳии мамлакат дар назар дошта шудааст».

 

АКС: Раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Август 3, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд