Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 11.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи татбиқи барномаи хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ 8 август барои кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт хатсайри сайёҳии Душанбе – Ромит ташкил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар доираи хатсайр иштирокчиён бо имконияти табобативу истироҳатӣ, экологӣ ва агросайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос шуданд.
Нахуст иштирокчиён аз Осоишгоҳи «Зайрон» боздид карда, бо имконияти табобативу истироҳатӣ, шароити қабули истироҳаткунандагон ва иқтидори он дар рушди сайёҳии табобатӣ шинос шуданд. Оби маъдании табиии осоишгоҳ дорои якчанд унсури минералӣ буда, барои табобати бемориҳои системаи асаб, дилу рагҳо, устухону буғумҳо ва баъзе бемориҳои пӯст истифода мешавад.
Сипас иштирокчиён бо фаъолияти ҳавзҳои моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меҳвари Душанбе», воқеъ дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат шинос гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии ҳудуди ҳавзҳои моҳипарварӣ 7 гектар буда, маҷмаа аз 30 ҳавз иборат аст. Иқтидори умумии ҳавзҳо барои парвариши аз 30 то 70 тонна моҳӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳавзҳо парвариши гулмоҳии шоҳона ва осётра аз марҳилаи тухм ва кирмина оғоз гардида, дар айни замон тақрибан 5 тонна моҳӣ парвариш карда мешавад. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар оянда дар назди ҳавзҳо коргоҳи коркарди моҳӣ таъсис дода мешавад.
Дар идома иштирокчиён бо дараи Ромит ва ҳудуди Мамнуъгоҳи биосферии «Ромит» шинос шуданд. Дараи Ромит бо табиати нотакрор, обҳои мусаффо, гуногунии олами набототу ҳайвонот ва гиёҳҳои шифобахш барои рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳгардӣ, табобативу истироҳатӣ ва дигар намудҳои сайёҳӣ имконияти васеъ дорад.
Зимни шиносоӣ иштирокчиён бо имконияти сайёҳии минтақа, аз ҷумла инфрасохтори мавҷуда, захираҳои табиӣ ва иқтидори рушди сайёҳии экологӣ ва истироҳати фаъол шинос шуданд.
Хатсайри мазкур имкон фароҳам овард, ки иштирокчиён бо самтҳои гуногуни сайёҳӣ — табобатӣ, агросайёҳӣ, экологӣ ва истироҳатӣ аз наздик шинос шуда, зарфияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромитро арзёбӣ намоянд.
Бояд гуфт, ки хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ, муаррифии имконияти таърихиву фарҳангӣ ва табиии кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кормандони мақомоти давлатӣ ташкил гардидаанд.
Татбиқи ин иқдом дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе ва бо иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии дохилӣ ба роҳ монда шуда, баргузории силсилаи чунин хатсайрҳо ба минтақаҳои гуногуни сайёҳии мамлакат то моҳи октябри соли 2026 идома хоҳад ёфт.
АКС: Раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе


















Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






