Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт

Август 2, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 02.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар лагери истироҳатию солимгардонии кӯдаконаи «Саодат», ки дар Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон ҷойгир аст, имсол дар се давр 360 кӯдак ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар доданд.

Ҳамасола дар ин истироҳатгоҳ бо мақсади баланд бардоштани маърифати кӯдакон, рушди ҷаҳонбинӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ баргузор мегарданд. Аз ҷумла, намоиши филмҳои тарбиявӣ, машғулияти омӯзишӣ оид ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва бозиҳои солимгардонӣ ба таври мунтазам доир карда мешаванд.

Инчунин ба хотири рушди истеъдод ва қобилияти эҷодии наврасон маҳфилҳои рассомӣ ташкил гардида, дар доираи иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем» барои эҳтироми либоси миллӣ, фарҳанг ва анъанаҳои мардумӣ корҳои тарғиботӣ гузаронида мешаванд.

Машқҳои пагоҳирӯзӣ, ки яке аз бахшҳои муҳими реҷаи ҳаррӯзаи лагер ба ҳисоб мераванд, ба таҳкими саломатӣ ва тарбияи ҷисмонии кӯдакон мусоидат менамоянд. Ҳамзамон бо мақсади шиносоии истироҳаткунандагон бо таъриху фарҳанги минтақа ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии ноҳияи Шуғнон саёҳатҳо ташкил карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити истироҳат ва фароҳам овардани имконияти қабули шумораи бештари кӯдакон сохтмони бинои нави лагери «Саодат» оғоз гардидааст. Бунёди ин иншоот ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва муҳайё намудани шароити замонавии истироҳатӣ барои наврасон мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон

Август 2, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад