Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд

Август 6, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 06.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Замимаҳои мобилӣ — роҳи муносибтарини истифодаи хизматрасониҳои рақамӣ мебошанд. Муносибӣ, суръат ва бехатарии чунин имконият — маҳсули меҳнати  даҳҳо мутахассисон аст. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дастаи худро оид ба  таҳияи  Inhouse   дорад. Кадом мутахассисон маҳсулотро, ба монанди замимаи  «МегаФон Life» таҳия ва  мукаммал  менамоянд ва ҳамроҳшавӣ  ба дастаи оператор то чӣ андоза осон аст?      

Таҳияи мобилӣ яке аз самтҳои босуръат рушдёбандаи технологияҳои иттилоотӣ маҳсуб мешавад.   Мутахассисони он на танҳо замимаҳо, балки экосистемаҳои мураккаби рақамӣ эҷод мекунанд, ки   даҳҳо сервисҳоро муттаҳид менамоянд.  Аз ин рӯ, худи даста намояндагони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла  таҳиякунандагон, таҳлилгарон, озмоишгарон, дизайнерҳо  ва муҳандисонро дар бар мегирад.

Ҳар яки онҳо бояд аз рӯи ихтисосашон дониши амиқ дошта бошанд.  Масалан, ҳангоми таҳияи замимаҳо  барои платформаи iOS, таҳиягарон забони барномасозии Swift, муҳити таҳияи Xcode, чаҳорчӯбаи муосири UIKit, воситаҳои  автоматизатсия, санҷиш ва идоракунии унсурҳои вобастаро истифода мебаранд. Барои таҳияи Android забони асосии барномасозӣ Kotlin аст ва технологияҳои калидии Android Studio, Jetpack Compose, Android Jetpack, Kotlin Coroutines, Retrofit, Room ва дигар манбаъҳои  муосир, ки барои эҷоди пешниҳодҳои мобилии фаврӣ, бехатар ва калонҳаҷм имкон медиҳанд,  ба кор бурда мешаванд.

Барои кор дар ширкат боз чиро донистан ва тавонистан зарур аст? Ба ғайр аз донистани  забонҳои барномасозӣ, равишҳои меъморӣ, API, системаҳои назорати версияҳои GIT, CI/CD ва воситаҳои  санҷиш инчунин доштани малакаҳои муносиб  низ муҳиманд. Қобилияти кор дар як даста, зуд азхуд кардани технологияҳои нав ва қабули қарорҳои мукаммали  муҳандисӣ ба қисми ҳатмии  касб табдил меёбад. Маҳз чунин тарзи амал  асоси кори дастаи таҳиягарони Inhouse-и МегаФон Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Мутахассисони ширкат маҳсулоти мобилиро дар ҳар марҳила — аз тарроҳӣ то озмоиш ва рушди  минбаъдаи хизматрасониҳо ҳамроҳӣ менамоянд. Таҳиягарон бо таҳлилгарон, дизайнерони  UX/UI, муҳандисони QA, мутахассисони DevOps пайваста  ҳамкорӣ доранд ва  ин барои фавран ҷорӣ кардани функсияҳои нав ва нигоҳдории   сифати баланди маҳсулот имконият  медиҳад.

Яке аз лоиҳаҳои асосии даста  — замимаи  «МегаФон Life» мебошад. Корҳои марбут ба  он мунтазам идома доранд, аз ҷумла  мутахассисон таҷрибаи корбаронро таҳлил мекунанд, амниятро тақвият медиҳанд ва имконияти навро дар асоси эҳтиёҷоти  мизоҷон  татбиқ мекунанд. Ҳар навсозӣ аз давраи пурраи таҳия, озмоиш ва санҷиши  сифат мегузарад, то кори устувори замима  таъмин карда шавад. Зимнан, МегаФон Life дар бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон беназир боқӣ мемонад. Танҳо як оператор тавонистааст чунин  замимаи дастрас таҳия намояд.

«Версияҳои нави системаҳои амалиётӣ, абзорҳо ва технологияҳо мунтазам пайдо  мешаванд ва бинобар ин  кормандони мо пайваста  малакаҳои касбиро такмил медиҳанд. Дар баробари таҷрибаи техникӣ кори дастҷамъона, мубодилаи донишҳои ошкоро ва кӯшиши таҳияи  маҳсулоте, ки воқеан барои корбар мувофиқ мебошанд,  ҳамоно  муҳим боқӣ мемонанд. Маҳз чунин  омезиши малакаҳои муфиду муҳим  ба дастаи мо имкон медиҳад, ки хизматрасониҳои мобилиро муваффақона рушд дода, маҳсулоти нави рақамиро зуд ба кор дароранд», – мегӯяд  роҳбари самти таҳияи  мобилӣ ва веб-таҳияи ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» Фирӯз Қосимов.

Ҳамроҳшавӣ ба  дастае, ки маҳсулоти рақамии пешрафта ва аксар вақт беназир ба вуҷуд  меорад, орзуи ҳар мутахассиси технологияҳои иттилоотӣ аст. Роҳи расидан ба он дар ин ҷо оғоз меёбад: https://jobmf.tj/

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

Август 6, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад