«МАКТАБИ ПЕШСАФ — МАКТАБИ ШАРИК». Дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон таҳти чунин унвон низоми нав амалӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон бо мақсади коҳиш додани тафовути сифати таҳсил байни муассисаҳо аз соли нави таҳсили 2026-2027 низоми «Мактаби пешсаф — мактаби шарик» амалӣ карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Тибқи ин механизм, муассисаҳои дорои нишондиҳандаҳои паст ба муассисаҳои пешсаф вобаста гардида, дар байни онҳо дарсҳои намунавӣ, табодули таҷрибаи омӯзгорон, омӯзиши методика, машваратҳои фаннӣ ва таҳлили муштараки натиҷаҳо амалӣ карда мешаванд.
Таҷрибаи омӯзгори муваффақ бояд танҳо дар як мактаб маҳдуд намонда, ҳамчун сармояи умумии низоми маорифи вилоят омӯхта ва паҳн карда шавад.
Татбиқи низоми «Мактаби пешсаф — мактаби шарик» ҳамчунин марҳила ба марҳила ҳал намудани масъалаи омӯзгорони ғайриихтисос, баланд бардоштани сатҳи таълими фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, таҳияи барномаи саводи рақамии омӯзгорон ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ, рушди таҳсилоти томактабӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори таълимиро дар назар дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад






