МАКТАБУ МАОРИФ — ВАСИЛАИ ҲИФЗУ ТАҲКИМИ СУЛҲУ ОРОМӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи дониш
ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил гардид, ки он на танҳо оғози соли нави таҳсил, балки ибтидои маънавии марҳилаи нав дар ҳаёти кӯдакону наврасон мебошад. АМИТ «Ховар» ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш иқтибосҳоро аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод менамояд.
— Мулоқоти ҳарсола бо донишҷӯёну хонандагон ва кормандони соҳаи маорифи кишвар дар Рӯзи дониш фурсати хубе фароҳам меоварад, ки мо вазъи ин соҳаи ҳаётан муҳимро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем. Зеро маҳз дониш омили асосии рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҳар як давлат, инчунин, сарчашмаи муваффақият ва зиндагии осудаи ҳар як инсон мебошад.
***
Ниёгони хирадманду рӯзгордидаи мо донишро беҳуда «қутбнамои зиндагӣ», «чароғи равшан», «ҷавшани тан», «парчами зафармандӣ» ва «устоди беминнат» нагуфтаанд.
***
Ман дар сиёсати худ пешрафти соҳаи маорифро дар ҷойи аввал мегузорам.
***
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ин рӯз ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва маърифату маънавиёт таҷлил мегардад, ки гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва хоссаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф мебошад.
***
Фарзандони мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки илму дониш омӯхтан, соҳиби касбу ҳунар шудан ва зиндагии осудаву фаъолияти самараноки онҳо дар оянда аз ин омили ҳаётбахш, яъне сулҳу оромии кишвар ва суботи сиёсии ҷомеа вобастагии мустақим дорад.
***
Ҷавоне, ки соҳиби донишу маърифат ва касбу ҳунар аст, ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намеравад, хору зор намешавад, дар ҳар ҷое, ки бошад, ҷойи кор меёбад ва зиндагии бобаракат мебинад, зеро дунёи маънавии ӯро ақлу хирад, донишу маърифат ва саъю талош пурбор гардонидааст.
***
Маблағгузорӣ ба неруи инсонӣ ва пеш аз ҳама, ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонони мамлакат беҳтарин ва самарабахштарин сармоягузорӣ мебошад.
***
Мактаб, оила ва ҷомеа – ин се неруи масъулу тавоно бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд ва ба хотири таълиму тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон дар ҳамбастагӣ ҷидду ҷаҳд намоянд.
***
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи худ наврасону ҷавонон ва хонандагону донишҷӯёнро созандагони фардои Ватан мешуморад ва ман ҳамчун Роҳбари давлат ба шумо – ҷавонони шарафманди мамлакат эътимоди комил дорам.
***
Шумо ҷавонону наврасон, дар навбати аввал, хонанда ва донишҷӯ, яъне ҷӯяндаи дониш ҳастед, ки вазифаи аввалиндараҷаатон хондан ва азхуд кардани донишҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ, техникаву технологияҳо ва мутобиқ шудан ба талаботи замони муосир мебошад.
***
Наврасону ҷавонони боиродаи Ватани маҳбубамонро зарур аст, ки бо шукронаи истиқлолу озодӣ дар пайи ободӣ ва пешрафти кишвари азизи худ бошанд, зеро дар Тоҷикистон барои амалӣ гардидани тамоми мақсаду мароми созандаи онҳо ҳама шароиту имконияти мусоид муҳайё карда шудаанд.
***
Дар замони соҳибистиқлолӣ мо дар баробари бунёди муассисаҳои нави таълимӣ беш аз ҳазор мактаби мавҷударо навсозӣ кардем, мактабҳои боқимондаро таъмиру тармим карда, дар онҳо тамоми шароити зарурии замонавиро муҳайё сохтем ва ҳоло ин равандро идома дода истодаем.
***
Дар замони мо, ки рушди босуръату бесобиқаи илму дониш, техникаву технологияҳо ва бахусус, зеҳни сунъӣ хусусияти барҷастаи он мебошад, донишомӯзӣ аҳаммияти аввалиндараҷа ва ҳатто ҳаётӣ пайдо кардааст.
***
Асре, ки мо дар он кору зиндагӣ карда истодаем, асри илму дониш, кашфиёту ихтироот, техникаву технологияҳои навтарин – замони пешрафту тараққиёти миллату халқҳои босаводу донишманд ва навовару ихтироъкор мебошад.
***
Бори дигар таъкид мекунам, ки вақте миллат бесавод мемонад, ҷомеа дар торикӣ мемонад ва ба ҷаҳолат гирифтор мешавад.
***
Ҳангоми Дарси сулҳ аз гузаштаи вазнин ва начандон дури халқамон ёдовар шуда, шогирдон, яъне наслҳои наврасу ҷавонро даъват бояд кард, ки ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ расанд ва ин сарвати бебаҳои зиндагиро, ки самараи азму талош ва фидокориву ҷоннисориҳои ҷавонмардони бонангу ор ва мардуми шарифамон мебошад, пос доранд.
***
Мактабу маориф василаи ҳифзу таҳкими сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.
***
Бо шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо барои илму донишомӯзии насли наврас ва ҷавонон тамоми шароиту имконияти зарурӣ муҳайё карда шудаанд.
***
Ҳадафи мо аз фароҳам сохтани шароити беҳтарин барои таълиму тарбияи шумо – фарзандони азиз, аз он иборат аст, ки бо истифода аз чунин имконияти мусоид хуб хонед, илму дониш омӯзед, касбу ҳунарҳои замонавиро азхуд намоед ва дар оянда ба халқу Ватан ҳамчун кадрҳои ҷавон содиқона хизмат кунед.
***
Шумо – наврасону ҷавонони имрӯза, яъне насли хушбахти замони истиқлол соҳибони ояндаи Ватан, давлат ва номбардорони фардои миллат ҳастед.
***
Бигзор бо шарофати истиқлолият соҳаи аз ҳама муҳими мамлакат– илму маориф рушд намояд ва барои Ватани маҳбубу соҳибистиқлоламон насли сазовору арзандаро ба воя расонад.
Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»








Пешвои миллат: «Ба мо, пеш аз ҳама, мутахассис зарур аст, на ҷавоне, ки танҳо соҳиби диплом аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «29 ҳазор хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-ро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ модели муосири мактаби миллӣ ташаккул ёфт
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми панҷ соли охир маоши омӯзгорон 135 фоиз зиёд гардид
31 август дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ оғоз меёбад
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 сол дар Тоҷикистон шумораи омӯзгорон беш аз 41 ҳазор зиёд гардид
Маркази миллии тестӣ: «Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз гардид»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳафт иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода доданд






