Маркази миллии тестӣ гурӯҳи ихтисосҳои серинтихобро номбар намуд
ДУШАНБЕ, 06.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи ихтисосҳои серинтихобро номбар намуд. Аз рӯи натиҷаҳои давраи дуюм довталабон бештар кластери 3 (филология, педагогика, санъат)- 1974 нафар ва кластери 5 (тиб, биология, варзиш) — 1950 нафарро интихоб намудаанд. Дар ин хусус 5 август зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода ба хабарнигорон хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар байни довталабон бо заминаи синфи 9-ум низ гурӯҳи 5-ум (тиб, биология, варзиш) бо 1610 нафар пешсаф гардид.
Муовини якуми директори марказ Абдулбосит Шодиниё дар нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро довталабон бештар интихоб намудаанд.
«Озмуни баландтарин дар ин комбинатсияи ихтисосҳо барои як ҷой 828 нафарро ташкил медиҳад. Дар доираи ин комбинатсияи ихтисосҳо озмуни пасттарин барои як ҷой 260 нафар аст», — гуфт Абдулбосит Шодиниё.
Бояд ёдовар шуд, ки солҳои пеш низ ин гурӯҳи ихтисосҳоро довталабон нисбат ба гурӯҳҳои дигар бештар интихоб мекарданд. Масалан, соли 2024 дар байни ихтисосҳо класстери 5 (тиб, биология ва варзиш) аз ҳама серинтихоб буда, дар ҷойи дуюм класстери 4-ум -ихтисосҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ, дар ҷойи сеюм гурӯҳи ихтисосҳои филология, педогогика ва санъат қарор доштанд.
Таъкид шуд, ки имсол шумораи довталабон нисбат ба соли 2025 32 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ду давраи бақайдгирӣ дар заминаи синфи 11-ум 124 ҳазору 323 нафар будаанд, ки 115,16 фоиз нақшаи қабулро ташкил медиҳад. Инчунин дар заминаи синфи 9-ум 25 ҳазору 131 нафар мебошанд, ки ба 112,02 фоизи нақшаи қабул баробар аст.
Барои дастрасии бештар 49 нуқтаи доимӣ ва нуқтаҳои сайёр бо 198 истгоҳи корӣ фаъолият намуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






