Масъалаи ҷалби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба барномаи JISPA баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва рушди иқтидори касбии мутахассисони низоми бонкии ҷумҳурӣ дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони Барномаи муштараки стипендиявии Ҷопон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти баъдидипломӣ /JISPA/: Такаши Нагаока – директори Дафтари минтақавии Хазинаи байналмилалии асъор барои Осиё ва Уқёнуси Ором ва хонум Саика Кин–мудири барномаҳои Дафтари минтақавии Хазинаи байналмилалии асъор барои Осиё ва Уқёнуси Ором дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллӣ иттилоъ медиҳад, ки Фирдавс Толибзода иброз намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар марҳилаи муҳимми таҳаввулоти институтсионалӣ қарор дошта, барои ташаккули бонки марказии муосир ва устувор ислоҳоти муҳимро амалӣ менамояд. Ин раванд ба таҳкими низоми сиёсати пулию қарзӣ, такмили танзиму назорати бонкии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, рушди таҳлили макроиқтисодӣ ва бахши молиявӣ, суръат бахшидани рақамикунонӣ, тақвияти идоракунии институтсионалӣ ва такмили низоми идоракунии хавфҳо равона шудааст.
Инчунин таъкид шуд, ки сармоягузорӣ ба рушди сармояи инсонӣ яке аз самтҳои муҳимми ислоҳоти институтсионалӣ буда, дар ин замина нақши JISPA ҳамчун барномаи муҳимми рушди иқтидори касбӣ арзёбӣ гардид. Барнома барои иштирокчиёни он на танҳо имкони гирифтани таҳсилоти босифати академӣ, балки малакаҳои амалии таҳлилӣ, таҷрибаи байналмилалӣ ва шабакаи касбии заруриро фароҳам меорад.
Ҷонибҳо ҳамчунин зарурати таҳкими ҳамкории минбаъда, ҷалби бештари мутахассисони ҷавону соҳибистеъдоди Бонки миллии Тоҷикистон ба барномаи JISPA ва рушди ҳамкорӣ дар самтҳои таҳсилоти роҳбарӣ, таҳқиқоти илмӣ, муколамаи сиёсӣ ва рушди иқтидори институтсионалиро баррасӣ намуданд.
Дар анҷом ҷонибҳо барои густариши ҳамкории судманд ва дарозмуддат ба хотири рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими институтҳои молиявии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид






