«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 10.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ- «Меъмор-2026» ҷамъбаст гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, озмун бо ташаббуси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир шуда, дар он беш аз 300 нафар иштирок намуданд.
Ба намоиш-озмун 140 лоиҳа аз рӯи номинатсияҳои «Биноҳо ва маҷмааҳои истиқоматии бисёрошёна», «Иншооти иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ» ва «Асари меъмории донишҷӯён» пешниҳод гардиданд. Ҳамзамон беш аз 453 лоиҳаи беҳтарин ва макетҳои бинову иншооти таъйиноти гуногун ба намоиш гузошта шуданд.
Иброз гардид, ки рушди соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб рафта, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат садҳо иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Ғолибони номинатсияҳои Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ – «Меъмор-2026» бо Диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин якчанд ташкилоти лоиҳакашӣ ва кормандони соҳаи сохтмон барои ҳамкории судманд дар ташкилу баргузории чорабинӣ бо Сипоснома ва мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода иброз намуд, ки меъморӣ танҳо санъати бунёди иншоот набуда, балки таҷассумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии ҳар миллат мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид






