Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 22.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Тибқи нақша, чархи кории агрегати рақами 4-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» охири моҳи сентябри соли 2026 ба неругоҳ ворид мешавад». Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки 21 август баргузор гардид, иброз намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки 29-31 июли соли 2026 дар озмоишгоҳи пудратчии Лоти 1 дар Австрия озмоиши чархи кории агрегати рақами 4 гузаронида шуда, интиқоли он оғоз гардидааст. Иваз намудани чархҳои кории муваққатӣ ба чархҳои доимӣ имкон медиҳад, ки дар мавсими тобистону тирамоҳ иқтидори истеҳсолии ду агрегат ба 600 мегаватт расонида шавад. Ин нишондиҳанда тақрибан ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда – 1» баробар мебошад.
Дар робита ба ин, супориш дода шуд, ки Ҷамъияти саҳомии «Неругоҳи барқи обии Роғун» якҷо бо пудратчии Лоти 1 бояд тамоми чораҳои заруриро барои моҳи сентябри соли 2027 ба истифода додани агрегати рақами 4 амалӣ намоянд. Вобаста ба Лоти 1 гуфта шуд, ки 30 январи соли 2021 байни Ҷамъияти саҳомии «Неругоҳи барқи обии Роғун» ва Ширкати «Фойт Гидро»-и Ҷумҳурии Австрия қарордод ба имзо расонида шудааст. Қарордод лоиҳакашӣ, харид, таҳвил, васлу насб ва ба кор андохтани таҷҳизоти электромеханикии 4 агрегат бо таҷҳизоти ёрирасони онҳо, инчунин истеҳсолу таҳвили ду чархи кории доимиро барои агрегатҳои рақамҳои 5 ва 6 дар бар мегирад. Аз замони имзои қарордод якчанд корҳо ба анҷом расидаанд.
Бо ишора ба Лоти 2 гуфта шуд, ки ин лот сохтмони сарбанди неругоҳро дар бар мегирад ва иҷрои он ба зиммаи ширкати итолиёии «Вибилд» гузошта шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд






