Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд

Август 15, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо ҳайати ҳамроҳаш дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе боздид намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд».

Меҳмонон бо фаъолияти корхона ва имконоти технологию инфрасохтории Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд.

Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» зимни вохӯрӣ боздиди меҳмононро ба «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» фурсати муносиб барои ба роҳ мондани ҳамкории судманди дуҷониба арзёбӣ намуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳо оид ба табодули таҷриба дар самти ташкили «Шаҳри ҳушманд» ва татбиқи ҳалли пешрафтаи технологияҳои иттилоотӣ дар муҳити шаҳр баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо барои барқарорсозии робитаҳои шарикӣ байни муассисаҳои соҳавии ду давлат барои пешрафти назарраси шаҳри Душанбе дар самти рушди рақамӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»

Август 15, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид