Муассисаю корхонаҳои соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон ба фасли зимистон омодагӣ мегиранд

Август 6, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 06.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёти автомобилӣ ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ба фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» бо фармоиши Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ нақшаи тадбирҳои вазорат оид ба сари вақт омода намудани соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ ба фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 тасдиқ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Масъулини соҳа муваззаф гардидаанд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати ҳама бандҳои ин нақшаро таъмин намоянд. Ҳамчунин Ситоди фаврӣ таҳти сарварии муовини аввали Вазири нақлиёт барои ҳамоҳангсозӣ ва назорати раванди тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон таъсис дода шудааст. Дар айни замон дар соҳаи роҳу нақлиёти мамлакат қариб се ҳазор корхонаи шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла 2579 субъекти хоҷагии нақлиёти автомобилӣ, 241 хоҷагии роҳ ва 137 корхонаи роҳи оҳан фаъолият мекунанд. То 1 январи соли равон 800 ҳазору 926 воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. 94,6 фоизи борҳо ва 99,8 фоизи мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ интиқол дода мешаванд.

28 марти соли равон дар ҷаласаи Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 баррасӣ гардид. Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки нақшаи тадбирҳоро тасдиқ намуда, барои омодасозии мамлакат ба давраи тирамоҳу зимистони оянда Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис диҳад. Пешвои миллат ҳамчунин мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор карданд, ки то 20-уми ҳар моҳ дар бораи омодасозии иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоии Тоҷикистон ба мавсими сармо ҳисоботи ҷамъбастӣ пешниҳод намоянд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 6, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст