Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
ДУШАНБЕ, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар шаҳри Ҳисор бо раванди бунёд ва омодасозии иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ, ки дар доираи Лоиҳаи «Рушди барвақтии кӯдакон» амалӣ мегардад, шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Муовини Сарвазири мамлакат ва роҳбарияти вазорату идораҳои масъули давлатӣ ҳолати якчанд муассисаи иҷтимоии шаҳр, аз ҷумла Муассисаи таҳсилоти томактабии №4, Муассисаи таҳсилоти томактабии шакли нави №5 «Нури Истиқлол»-и шаҳраки Ҳисор, Маркази саломатии деҳоти Ғайратободи Ҷамоати деҳоти Сомон ва Муассисаи таҳсилоти томактабии №4 «Ситора»-и шаҳри Ҳисорро дида, бо ҷараёни сохтмон ва шароити фароҳамгардида дар иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ шинос шуд.
Аз ҷумла, бо синфхонаҳо барои машғулият, утоқҳои тиббӣ, ошхонаҳо, ҳуҷраҳои хоби кӯдакон, нуқтаҳои санитарӣ, толорҳои бозӣ, утоқҳои маъмурӣ ва дигар бахшҳои муассисаҳо шинос шуда, сатҳу сифати корҳои анҷомёфта ва ҳолати омодагии иншоотро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин ба таъминоти муассисаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, воситаҳои аёнии таълимӣ, бозичаҳои рушддиҳанда, лавозимоти тиббӣ ва шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Зимни боздид масъулини соҳа оид ба корҳои анҷомёфта, иқтидори муассисаҳо, имконияти хизматрасонӣ ва тадбирҳои минбаъда барои ба истифода омода намудани иншоот маълумот пешниҳод намуданд.
Гуфта шуд, ки дар шаҳри Ҳисор ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ—35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ идома дошта, бунёд ва ба истифода додани иншооти нави иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва тандурустӣ ба фароҳам овардани шароити беҳтар барои сокинон равона гардидааст.
Дар ҷараёни боздид муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои боқимондаи сохтмонӣ, риояи меъёрҳои сохтмонӣ, таъмини муассисаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва фароҳам овардани шароити муносибу ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир дастуру супориш дод.
Таъкид гардид, ки рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, бахусус фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи кӯдакон ва хизматрасонии босифати тиббӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад






