Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои саҳроӣ ва таъмини оби полезӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
ДУШАНБЕ, 05.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корҳои саҳроӣ, фаъолияти истгоҳҳои обкашӣ ва таъмини заминҳо бо оби полезӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод хабар медиҳад, ки Сулаймон Зиёзода бо кишоварзон ва масъулони соҳа оид ба истифодаи оқилонаи оби полезӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, вусъат бахшидани кишти такрорӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ суҳбат намуд.
Татбиқи сиёсати аграрии мамлакат зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, истифодаи самараноки замину об, риояи корҳои агротехникӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ омилҳои асосии таъмини фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулот ба ҳисоб мераванд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон инчунин бо ҳолати агрегатҳои обкашии силсилапойгоҳҳои «Қизилӣ-1», «Қизилӣ-2», «Қизилӣ-3», «Қизилӣ-4», «Мирзочӯл-1» ва «Мирзочӯл-2» шинос шуд.
Сулаймон Зиёзода дар хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳамза» ва «Камола» бо нашъунамои пахта ва дигар зироат шинос гардид.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон саҳми деҳқонони ноҳияи Зафарободро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат муҳим арзёбӣ намуд. Ба кишоварзони ноҳия барои боз ҳам беҳтар намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ барои истифодаи оқилонаи замин, фаровон гардидани ҳосил ва гирифтани ду-се ҳосил аз як замин тавсия дода шуд.
Таъкид гардид, ки иҷрои саривақтии тадбирҳои агротехникӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обу замин ва амалӣ намудани таҷрибаҳои пешқадами кишоварзӣ омили асосии ба даст овардани ҳосили фаровон ва рушди минбаъдаи соҳаи пахтакорӣ ба ҳисоб меравад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






