Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи корҳои саҳроӣ шинос шуд

Август 6, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 06.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 август муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишти такрории зироатҳо, истифодаи самараноки замин ва вазъи нашъунамои пахта шинос гардид. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон нахуст бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Ҳакимзода-2020» дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳор шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 дар хоҷагии деҳқонии «Ҳакимзода-2020» дар 8 гектар кишти такрории полезӣ бо истифода аз усули обёрии қатрагӣ дар зери плёнка амалӣ шудааст. Бо шарофати истифодаи технологияҳои муосири кишоварзӣ ҳосили аввалини маҳсулоти полезӣ аллакай ҷамъоварӣ ва ба бозорҳои истеъмолӣ пешниҳод гардидааст.

Истифодаи усули обёрии қатрагӣ имкон медиҳад, ки захираҳои об сарфакорона истифода шуда, ҳосилнокии замин афзоиш ёбад ва сифати маҳсулоти кишоварзӣ беҳтар гардад. Ин таҷриба ҳамчун намунаи истифодаи самараноки замин арзёбӣ шуд.

Дар идомаи сафар аз хоҷагиҳои пахтакори «Ҳоҷӣ Алимуҳаммад»-и Ҷамоати деҳоти Навбаҳор, «Сангин Қуддус» ва «Бешариқ»-и Ҷамоати шаҳраки Бӯстон ва деҳоти Оббурдон боздид ба амал оварда шуд. Дар ин хоҷагиҳо вазъи нашъунамои пахта, иҷрои тадбирҳои агротехникӣ ва омодагии деҳқонон ба ҷамъоварии ҳосили имсола мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 дар ноҳияи Мастчоҳ дар 10 ҳазору 400 гектар чигит кишт карда шудааст. Аз ин ҳисоб 442 гектар бо усули зери плёнка ва 1930 гектар бо истифода аз технологияҳои муосири кишоварзӣ парвариш меёбад.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода таъкид намуд, ки риояи саривақтии қоидаҳои агротехникӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, гузаронидани чеканкаи пахта, ғизодиҳӣ ва обёрии босифат барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ аҳаммияти ҳалкунанда доранд. Ба масъулон ва кишоварзон тавсия дода шуд, ки корҳои нигоҳубини пахтаро мутобиқ ба талаботи илми кишоварзӣ ба роҳ монда, барои ҳифзи ҳосил аз касалиҳо ва ҳашароти зараррасон тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки истифодаи самараноки замин, вусъат бахшидани кишти такрорӣ, амалӣ намудани технологияҳои каммасрафи обёрӣ ва баланд бардоштани маданияти заминдорӣ аз вазифаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ маҳсуб шуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва афзоиши даромади кишоварзон нақши калидӣ доранд.

Муовини Сарвазири мамлакат ба масъулони соҳаи кишоварзӣ барои вусъат бахшидани кишти такрорӣ, истифодаи васеи технологияҳои муосир, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат ва таъмини иҷрои дурнамои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Август 6, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст