Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон оид ба корҳои сиёсӣ Шайх Халифа Ал-Ҳорисӣ ва ҳамроҳонаш зимни сафар дар Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон рафта, бо таъриху тамaддуни халқи тоҷик шинос шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки зимни сайри осорхонавӣ меҳмонон дар толорҳои намоишии осорхона бо нигораҳои нодир, бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ, намунаҳои барҷастаи мероси таърихию фарҳангӣ ва дастовардҳои тамаддуни чандинҳазорсолаи тоҷикон шинос шуданд.
Муовини вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон оид ба корҳои сиёсӣ Шайх Халифа Ал-Ҳорисӣ аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ ва муаррифии осори ғании миллати тоҷик тавассути сайри осорхонавӣ изҳори хушҳолӣ намуда, дар китоби таассуроти «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ таассуроташро навишт.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






