«НАҚЛИЁТИ «ҲУШМАНД»». Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории татбиқи лоиҳаи рушди ин намуди нақлиёт баргузор гардид

Август 13, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе оид ба оғози расмии татбиқи Лоиҳаи «Рушди нақлиёти «ҳушманд» дар шаҳри Душанбе, солҳои 2026-2028» бо иштироки намояндагони мақомоти масъули Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҷаласаи корӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа аз ҷониби Консорсиуми Донишкадаи нақлиёти Корея дар ҳайати ширкатҳои «Dong Myeong Engineering Consultants», «HD», Донишгоҳи Сеул ва Роҳи оҳани миллии Корея, ки татбиқи лоиҳаи мазкурро бар уҳда доранд, рӯнамо баргузор шуд. Ҳамчунин дар байни намояндагони Тоҷикистон ва Корея оид ба паҳлуҳои муҳими лоиҳа табодули афкор доир гардид.

Муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода оид ба муҳиммияти татбиқи лоиҳаи мазкур дар шаҳри Душанбе, ҳамгироии дастовардҳо ва хизматрасониҳои кунунии соҳаи нақлиёти пойтахт ба лоиҳаи мазкур изҳори назар намуд. Иброз гардид, ки дар шароити рушди босуръати шаҳрҳо масъалаи ташкили низоми нақлиёти бехатар, самаранок, устувор ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ аҳамияти рӯзафзун пайдо намуда, истифодаи технологияҳои ҳушманд, қабули қарорҳо дар асоси таҳлили маълумот ва татбиқи усулҳои муосири идоракунии ҳаракати нақлиёт яке аз самтҳои муҳими рушди пойтахти мамлакат мебошад.

Гуфта шуд, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ниҳодҳои дахлдори он дар ин самт корҳои муассир анҷом дода шудаанд, ки ба татбиқи лоиҳаи мазкур мусоидат мекунанд. Татбиқи лоиҳа, табодули дониш, таҷриба ва технология байни мутахассисони Тоҷикистон ва Корея барои рушди иқтидори касбии мутахассисони соҳа ва ҳамкории минбаъда дар соҳаи нақлиёти интеллектуалӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

Лоиҳаи «Рушди нақлиёти «ҳушманд» дар шаҳри Душанбе, солҳои 2026-2028», ки дар доираи консепсияи «Шаҳри ҳушманд» (Smart city) таҳия гардидааст, аз ҷониби Консорсиуми Донишкадаи нақлиёти Корея дар ҳайати Донишкадаи нақлиёти Корея, ширкатҳои «Dong Myeong Engineering Consultants», «HD», Донишгоҳи Сеул ва Роҳи оҳани миллии Корея ва дар ҳамкорӣ бо мақомот ва ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 13, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд