Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 қариб 170 миллион сомонӣ ё 100 фоиз иҷро гардид, ки нисбат ба нақша 62 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар ин хусус Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар давраи ҳисоботӣ беш аз 169 миллиону 415 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Қисми хароҷоти буҷети шаҳр 90,7 фоиз иҷро гардидааст. Нақшаи нимсолаи якуми соли равон 237,3 миллион сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 215,4 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.
Бо дахли бақияи қарзи андозҳо гуфта шуд, ки ба ҳолати 1 июли соли 2026 маблағи бақияи қарзи андозҳо 38 миллиону 621 ҳазор сомониро ташкил дода, қарздории мазкур нисбат ба аввали соли 2026 15 миллиону 162,7 ҳазор сомонӣ (ба ҳолати 1 июни 2026 дар ҳаҷми 42 миллиону 645 ҳазор сомонӣ) зиёд гардидааст.
Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисодии шаҳр Раиси шаҳри Ҳисор гуфт, ки дар ин давра дар шаҳри Ҳисор 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии дар доираи онҳо азхудшуда зиёда аз 7,4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Тибқи тартиб мониторинги «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021-2026» ба роҳ монда шуда, татбиқи самаранокии он иҷрои ҳадафҳои афзалиятнокро таъмин мекунад.
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021 – 2026» аз 2071 лоиҳа ва маблағи умумии 1 миллиарду 970 миллиону 417 ҳазор сомонӣ иборат буда, тибқи мониторинги гузаронида дар 1239 банд корҳо ба анҷом расидаанд. Оғози 364 банд ба роҳ монда шуда, шумораи 468 банд дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад, ки то охири сол ба истифода дода мешаванд. Ҷамъи маблағи ҷалбгардида беш аз 1,3 миллиард сомониро ташкил менамояд, ки ба 68,6 фоизи маблағи умумии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021 – 2026» баробар аст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид






