Нахустин гурӯҳи роҳбаладони «Shohin Airlines» барои гузаштани омӯзиши касбӣ ба Turkish Aviation Academy фиристода шуд
ДУШАНБЕ, 18.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нахустин гурӯҳи роҳбаладони ширкати хусусии ҳавопаймоии «Shohin Airlines» барои гузаштани омӯзиши касбӣ ба Академияи авиатсионии Туркия — Turkish Aviation Academy фиристода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Shohin Airlines» иттилоъ медиҳад.
Ин ҷавондухтарону ҷавонписарон аввалин чеҳраҳои ширкат дар дохили ҳавопаймоҳои «Shohin Airlines» хоҳанд буд. Онҳо барои мусофирон фазои бароҳат эҷод намуда, муҳимтар аз ҳама, сатҳи баланди бехатариро таъмин менамоянд.
Таҳсил дар яке аз академияҳои авиатсионии пешоҳанги ҷаҳон барои онҳо имкони азхуд кардани таҷрибаҳои беҳтарини байналмилалӣ ва омодагии мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии авиатсияи гражданиро фароҳам меорад.
АКС: «Shohin Airlines»








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






