Нахустин мулоқоти ҳамоҳангсозони миллии Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ баргузор шуд

Август 21, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нахустин мулоқоти маҷозии ҳамоҳангсозони миллии Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ бо иштироки намояндагони мақомоти нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иштирокдорон ҳадафҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Марказро, ки бояд ба платформаи минтақавӣ барои рушди ҳамкории касбӣ, табодули таҷриба ва таҳияи қарорҳои муштарак дар соҳаи нақлиёт табдил ёбад, баррасӣ карданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таъмини занҷираҳои бефосилаи таъминот, рушди пайвастагии нақлиётӣ ва ҳамоҳангсозии равишҳои кишварҳои минтақа зоҳир гардид. Намояндаи Вазорати нақлиёти Узбекистон омодагиашонро барои иштироки фаъолона дар фаъолияти Марказ ва таҳияи минбаъдаи ташаббусҳои муштарак таъкид намуд.

Самтҳои ояндадори ҳамкорӣ рушди касбӣ ва омӯзиши мутахассисон, табодули таҷрибаи коршиносӣ, таҳияи маводи таҳлилӣ, ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо ва ҷомеаи коршиносӣ, инчунин рушди рақамикунонии соҳаи нақлиёт муайян карда шуданд.

Иштирокчиён имконияти ҳамкорӣ дар самти ҷалби сармоягузорӣ барои инфрасохтори нақлиётиро ба таври алоҳида баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки татбиқи ташаббусҳои дахлдор ҳамоҳангсозиро бо мақомоти давлатии соҳавӣ ва ниҳодҳои молиявӣ талаб мекунад.

Намояндагони Қирғизистон рушди минбаъдаи Марказро дастгирӣ намуда, барои иштирок дар кори муштарак ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба васеъ намудани фаъолияти он изҳори омодагӣ намуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории ҳамоҳангсозони миллӣ идома дода шуда, дар вохӯриҳои минбаъда ба баррасии мушаххаси самтҳои ҳамкорӣ гузаранд.

Мулоқоти аввал оғози муколамаи минбаъдаи касбӣ байни мақомоти нақлиётии кишварҳои минтақа ва ташаккули механизми амалии ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи дипломатияи нақлиётӣ гардид.

Дар таъсис ва рушди Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ доранд. Зеро борҳо зарурати пешбурди дипломатияи нақлиётиро аз минбари форумҳои байналмилалӣ изҳор доштаанд. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим моҳи апрели соли 2023 ин ташаббуси Сарвари давлатро дар ҷаласаи 10-уми вазирони нақлиёти Созмони ҳамкории Шанхай дар Ҳиндустон ва моҳи июли ҳамон сол дар ҳамоише, ки дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувори Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ дар Ню-Йорк дар қолаби маҷозӣ баргузор гардид, муаррифӣ намуд.

29 октябри соли 2024 дар назди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ расман ба истифода дода шуд. Марказ ҳамчун майдони муколама пешбинӣ шуда, мутахассисони соҳавӣ ва коршиносони сатҳи байналмилалӣ омода месозад, конфронсҳо, гурӯҳҳои корӣ, табодули таҷриба ташкил мекунад, дар таҳияи рӯзномаи минтақавии нақлиётӣ иштирок ва манфиатҳои кишварҳои минтақаро дар самтҳои транзит ва логистика ҳимоя менамояд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 21, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд