Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии AMEE 2026 иштирок доранд

Август 25, 2026 10:45

ДУШАНБЕ, 25.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 август дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия конфронси байналмилалии AMEE 2026 оғоз гардид, ки то 26 август идома меёбад. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин конфронс намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иштирок доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат иттилоъ доданд, конфронс ҳамоиши муҳими байналмилалӣ дар самти таҳсилоти касбҳои тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Дар он мутахассисон, омӯзгорон, муҳаққиқон ва намояндагони соҳаи тандурустӣ аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон иштирок доранд.

Истифодаи таҷрибаи муосири байналмилалӣ ва татбиқи усулҳои самараноки таълимӣ метавонад ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти тиббӣ, такмили малакаҳои касбии омӯзгорон ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосири соҳа мусоидат намояд.

Иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси AMEE 2026 қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ворид намудани таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ба низоми таҳсилоти тиббӣ ва омодасозии кадрҳои соҳаи тандурустии мамлакат мебошад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 25, 2026 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд