НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид

Август 12, 2026 15:26

ТОҶИКОБОД, 12.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ба 7 миллиону 573,6 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 1 миллиону 929,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин шумораи корхонаҳои калони саноатӣ дар ноҳия ду ададро ташкил медиҳад, ки дар давраи ҳисоботӣ пурра фаъолият намудаанд. Дар нимсолаи якуми соли равон дар ноҳия 2 коргоҳи хурди истеҳсоли сементблок ва 1 коргоҳи истеҳсоли сафолак бо 18 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки давоми соли равон дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар 6 ҳазору 712 гектар кишти зироати кишоварзӣ анҷом дода шуд. Аз кишти зироати асосӣ картошка 2106 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 69 гектар зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ, аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шуд, ки 95 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Ба ифтихори ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бунёду барқарорсозии 101 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 85 иншоот ба истифода дода шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 12, 2026 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад