НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвон 649 иншоот ба истифода дода шуд

Август 8, 2026 10:41

ДУШАНБЕ, 08.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 649 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, ба бунёди онҳо 639,7 миллион сомонӣ равона гардид. Дар ин хусус 7 август зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия 561 иншоот ба нақша гирифта шуда, марҳила ба марҳила шумораи иншоот ба 649 адад расонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ 649 иншоот мавриди истифода қарор гирифт, ки ин 130,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Барои бунёд ва ба истифода додани иншоот 639 миллиону 750 ҳазору 111 сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Танҳо дар соли 2026 дар ноҳия 94 иншооти таъйиноти гуногун ба маблағи умумии 22 миллиону 242 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, 1 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, 6 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, 2 маркази савдо ва 85 иншооти дигари иҷтимоӣ ва ободонӣ мавриди истифода қарор гирифта, барои рушди инфрасохтори ноҳия, беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисти аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Аз 649 иншооти баистифодадода 2 иншооти истеҳсолӣ ва саноатӣ, 23 иншооти соҳаи маориф, 39 иншооти таъмини оби нӯшокӣ, 2 муассисаи тандурустӣ, 2 иншооти варзишӣ, 10 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар ошёнаҳои аввал, 1 бинои маъмурӣ буда, 561 иншооти дигар ба соҳаҳои иҷтимоӣ, хизматрасонӣ, ободонӣ ва беҳсозии инфрасохтори ноҳия рост меоянд.

Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иброз дошт, ки корҳои созандагию ободонӣ дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлол то давраи ба анҷом расидани сохтмони тамоми иншооти ҷашнӣ идома меёбанд.

Мунира РАСУЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 8, 2026 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд