НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Бадахшон дар шаш моҳ 25 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд

Август 13, 2026 10:18

ДУШАНБЕ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 118,6 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025    16,2 миллион сомонӣ ё 16 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус 12 август Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Шумораи корхонаю коргоҳҳои саноатӣ аз 191 адад дар аввали соли ҳисоботӣ ба 207 адад дар ҷамъбасти шаш моҳи соли 2026 расонида шуд. Танҳо дар шаш моҳи соли 2026 дар ҳудуди вилоят 25 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуда, 105 ҷойи нави кор таъсис ёфт. Ин шумора то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам зиёд мегардад»,–иттилоъ дод раиси вилоят.

Шарифхон Сафарзода гуфт, ки дар вилоят ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол шумораи корхонаю коргоҳҳои нав афзоиш меёбад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Август 13, 2026 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд