НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд

Август 12, 2026 11:35

ДУШАНБЕ, 12.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд, ки барои рушди касбии мутахассисони ҷавон заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар ин хусус ректори донишкада Зарина Ибодзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Дар заминаи марказ нақша ва барномаҳои таҳсилотӣ аз рӯйи 24 самти ординатураи клиникӣ, 3 самти магистратура, 1 самти интернатура ва 5 самти доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос фаъолият менамоянд», — афзуд Зарина Ибодзода.

Иброз гардид, ки донишкада бо 18 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ҳамкории дуҷониба дорад. Дар айни замон 404 нафар донишҷӯёни хориҷӣ дар донишкада таҳсил дошта, теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ нисбат ба соли 2025 290 нафар зиёд мебошад. Донишҷӯёни хориҷӣ аз 8 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Ҳиндустон, Бангладеш, Малавӣ, Танзания, Арабистони Саудӣ, Судон, Филиппин ва Нигерия мебошанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 12, 2026 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад