НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе лабораторияи нави «Электроникаи саноатӣ» кушода мешавад
ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар филиал лабораторияи нави «Электроникаи саноатӣ» кушода мешавад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе Сафаралӣ Гадоев иттилоъ дод.
Таҷҳизоти нав ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки донишҳои назариявиро дар амал татбиқ намуда, бо технологияҳои муосири электроэнергетикӣ ва электронӣ шинос шаванд.
«Дар айни замон сатҳи таъминоти лабораторияҳо аз рӯи фанҳои тахассусӣ зиёда аз 90 фоизро ташкил медиҳад. Филиал минбаъд низ барои таҳкими заминаи таълимӣ, рушди илм ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир барои соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ чораҳои заруриро амалӣ менамояд»,-гуфт Сафаралӣ Гадоев.
Иброз гардид, ки дар филиал 266 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Имсол 75 донишҷӯ рисолаи хатмро муваффақона ҳимоя карда, 8 нафар соҳиби дипломи аъло шуданд. Ҳамчунин як зумра донишҷӯён дар доираи иҷрои корҳои тахассусии хатм макетҳои амалкунандаи неругоҳи бодӣ, неругоҳи офтобӣ, қуттии тақсимоти барқ ва дигар дастгоҳҳои таълимию намоиширо таҳия ва омода намуданд. Ин лоиҳаҳо ба рушди малакаҳои амалии донишҷӯён, таҳкими донишҳои назариявӣ ва татбиқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои муҳандисӣ мусоидат намуданд.
Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» бо корхонаҳои асосии соҳаи энергетика: ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ҳамкорӣ дошта, тарибаомӯзиҳо дар заминаи ҳамин корхонаҳо гузаронида шудаанд».
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






