НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Хатлон маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 19,9 миллиард сомонӣ баробар шуд
ДУШАНБЕ, 10.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар вилояти Хатлон ба 19,9 миллиард сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он 108,1 фоиз таъмин гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иттилоъ дод.
Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилоят 2,9 миллиард сомонӣ ҷудо гардид, ки 2,7 миллиарди он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.
Дар вилоят 48 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун амалӣ гардида, маблағи азхудшуда дар татбиқи ин лоиҳаҳо 1,2 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳиссаи вилояти Хатлон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат 59 фоизро ташкил дода, дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба 17,1 миллиард сомонӣ расидааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2026 33 ҳазору 413 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот карда шудааст. Давоми соли 2026 аз ҷониби соҳибкорон 46 корхона бо таъсиси зиёда аз 443 ҷойи нави кор таъсис дода шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд






