НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар иншооти ҷашнии шаҳри Ҳисор 1034 ҷойи кор таъсис дода шудааст

Август 13, 2026 17:00

ҲИСОР, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Ҳисор ба 106,4 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 9,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар шаш моҳи соли равон нахи пахта 207,2 тонна, равғани растанӣ 135,1 тонна, гӯшти мурғ 219 тонна, маҳсулоти ширӣ 52,2 тонна, сангу шағал 26 ҳазор метри мукааб ва чигит 307,2 тонна истеҳсол гардидааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Бояд гуфт, ки дар ин давра шумораи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Ҳисор 120 ададро ташкил дода, 4 корхонаи нав бо 14 ҷойи кор мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ин давра дар шаҳри Ҳисор сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳама манбаъҳои сармоягузорӣ 243,5 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 маблағи 80,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 243,4 миллион сомонӣ иҷро шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 81,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар шаш моҳ ба масоҳати 26 195 метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 20 661 метри мураббаъ зиёд мебошад.

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор сохтмони 1809 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз соҳибкорону сокинон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор 1848 иншоотро ба истифода доданд, ки 102,2 фоизи умумии нақшаро ташкил медиҳад. Маблағи дар ин самт азхудкардашуда 583 миллиону 982,3 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ин ҳисоб 1034 ҷойи кор таъсис дода шудааст. Дар иншооти иловагии боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 13, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд