НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 1,2 миллиард сомонӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 06.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 миллиарду 267 миллиону 141 ҳазору 100 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 110,5 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус 5 август зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Рустам Холиқзода иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки кишоварзони ноҳия бо истифодаи самараноки замину об ва татбиқи усулҳои муосири агротехникӣ имконияти мавҷударо дуруст истифода бурда, дар рушди соҳаҳои пахтакорӣ, растанипарварӣ ва чорводорӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд.
Дар мавсими кирмакпарварии соли равон дар ноҳия беш аз 23,3 тонна пилла ҷамъоварӣ гардид, ки 105,3 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда аз иҷрои босифати уҳдадориҳо ва саҳми арзандаи кирмакпарварони ноҳия дар рушди соҳа шаҳодат медиҳад.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди 340 биною иншооти таъйиноти гуногун пешбинӣ гардидааст. То имрӯз 369 иншоот ба истифода дода шудааст, ки аз иҷрои барзиёди нақша шаҳодат медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






