НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Лахш 90 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 07.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида бунёд ва таъмиру таҷдиди 124 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло 90 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 72,6 фоизи иҷрои нақшаи пешбинигардидаро ташкил менамояд. Дар 34 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин хусус 5 август Раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби ҳама манбаъҳо, аз ҷумла сармояҳои дохилӣ ва мустақим дар самти бунёд намудани бинову иншоот 22 миллиону 500 ҳазор сомонӣ азхуд карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 5 миллиону 400 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 111,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 14 миллиону 672,6 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 1 миллиону 536,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми хароҷоти буҷети ноҳия тибқи нақшаи нимсолаи якум 68 миллиону 200 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, нақшаи хароҷоти буҷет 59 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ё 87,1 фоизро ташкил намудааст. Аз ин 92,6 фоизи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардида, пардохти музди меҳнат ва ҷубронпулиҳо дар ин давра пурра таъмин гардидааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






