НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Носири Хусрав фарогирии кӯдакон ба муассисаи томактабӣ 3,2 фоиз зиёд гардидааст

Август 10, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 10.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон 32 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд, ки дар он 12 ҳазору 777 хонанда бо таҳсил фаро гирифта шудааст. Инчунин дар шаш муассисаи томактабӣ 260 кӯдак таълиму тарбия гирифта, фарогирии кӯдакон нисбат ба соли 2025 3,2 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни ниашсти матбуотӣ Маҳмадаюб Шарифзода, Раиси ноҳияи Носири Хусрав иттилоъ дод.

Дар назди 25 муассисаи таълимӣ 57 синфи маркази инкишофи нутқи кӯдак ташкил карда шуда, 1861 кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ноҳия ба хориҷи мамлакат 1100 тонна пиёз содирот карда шуд, ки 65 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Пиёз маҳсулоти асосии содиротӣ буда, дар ноҳия ба парвариши он аҳамияти зарурӣ дода мешавад.

Дар ноҳия дар 1924 гектар кишти такрорӣ пешбинӣ гардида, иҷрои дурнамо 100 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Аз ҷумла, ғалладонагиҳо 976 гектар, сабзавот 240 гектар, полезиҳо 310 гектар, картошка 20 гектар, зироати техникӣ 130 гектар ва ҷуворимакка барои дон 248 гектарро ташкил медиҳад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 10, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд