НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
ДУШАНБЕ, 12.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ 203 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ба маблағи 486 миллиону 996,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 129 миллиону 834,9 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар ин хусус 11 август зимни нишасти матбуотӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.
Иброз гардид, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар ҳудуди ноҳия 4 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд. Ҳоло аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ беш аз 15 ҳазору 100 либоси мактабӣ истеҳсол карда шуда, дӯхти либосҳои мактабӣ идома дорад.
Дар нишасти матбуотӣ дар мавриди сохтмони иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия бунёди 369 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То 1 июли соли 2026 509 иншоот ба истифода дода шуд, ки 137,9 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






