НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
САНГВОР, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳияи Сангвор дар нимсолаи якуми соли 2026 ба 139,5 миллион сомонӣ баробар гардид, ки аз ин 58,8 миллион сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 31,1 миллион сомонӣ ба соҳаи савдо, 7,3 миллион сомонӣ ба соҳаи хизматрасонии пулакӣ ва 42,3 миллион сомонӣ ба соҳаи саноат рост меояд. Ин нишондиҳанда ба ҳар сари аҳолии ноҳия ба 5449 сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 39,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод.
Дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Сангвор бунёди 106 иншооти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 88 иншот ба истифода дода шудааст. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
Соли 2026 барои сохтмони асосии ноҳия дар буҷети маҳаллӣ 740 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба тариқи «Равзанаи ягона» дар ҳудуди ноҳияи Сангвор 854 субъекти соҳибкории ба таври инфиродӣ фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 94 адад зиёд аст.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






