НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
РОҒУН, 14.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ноил гардидан ба дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст. Тибқи он 71 лоиҳаи афзалиятнок ба маблағи 289,5 миллион сомонӣ, аз ҷумла 33 лоиҳа ба маблағи 175,4 миллион сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 24 лоиҳа бо маблағи 67,3 миллион сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 14 лоиҳа бо маблағи 46,8 миллион сомонӣ ба бахши инфрасохтор, ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи муҳити зист тааллуқ доранд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Раиси шаҳри Роғун Баҳром Шарафзода иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки сарчашмаҳои маблағгузории барнома аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 78,5 миллион сомонӣ ё 27,1 фоиз, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 11,2 миллион сомонӣ ё 3,9 фоиз, сармояи хориҷӣ 86,5 миллион сомонӣ ё 29,8 фоиз ва маблағҳои бахши хусусӣ 113,2 миллион сомонӣ ё 39,1 фоизро ташкил медиҳанд.
Дар нишасти матбуотӣ баён гардид, ки то ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 38 иншоот дар маркази шаҳри Роғун ва кӯчаи 25-солагии Истиқлолият, 14 иншоот дар шаҳраки Оби Гарм, 43 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Қади Об ва 10 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Сичароғ бунёд мегардад. То имрӯз 94 иншооти гуногун ба маблағи 406 миллиону 671 ҳазору 577 сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда, сохтмони иншооти боқимонда идома дорад.
Дар шаҳри Роғун дар шаш моҳи соли равон бо саҳми соҳибкорон ва сокинони маҳал қаҳвахона дар кӯчаи Норакиён ба маблағи 350,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Ҷурақули Ҷамоати деҳоти Қади Об ба маблағи 300,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сокинони деҳа, обанбор барои истифодаи 150 хоҷагӣ дар деҳаи Қалъаи Нави Ҷамоати деҳоти Қади Об ба маблағи 250,0 ҳазор сомонӣ, мағоза, ҳаммом, сартарошхона ва коргоҳи дӯзандагӣ дар деҳаи Чашмаи Куло ба маблағи 800,0 ҳазор сомонӣ, корхонаи коркарди сангу шағал дар Ҷамоати деҳоти Қади Об, нуқтаи таъмир ва шустушӯи мошинҳо дар кӯчаи Норакиён ба маблағи 400,0 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Ҳамчунин собиқ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и деҳаи Чормағзи Ҷамоати деҳоти Қади Об ба маблағи 230,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сокинони деҳа навсозӣ гардида, ба муассисаи томактабӣ табдил дода шуд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






