НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе бо зиёда аз 40 муассисаи хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
ДУШАНБЕ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо зиёда аз 40 муассисаи таълимию илмии хориҷӣ созишнома ва қарордодҳо ба имзо расонид. Дар ин хусус имрӯз директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Баҳрулло Файзализода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Директори филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе иброз намуд, ки тибқи амалишавии созишномаҳо дар филиал мунтазам мубодилаи кормандону омӯзгорон, иштирок дар мактабҳои тобистона ва таҳқиқоти илмӣ-амалии муштарак гузаронида мешаванд.
«Дар нимсолаи якуми соли 2026 бо Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Жусуп Баласагин, Донишкадаи ҳуқуқшиносии Ақтобеи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи Малкеяр Букенбоев, Донишгоҳи илмҳои геологӣ ва Донишгоҳи инноватсионии Бухоро созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расиданд»,-гуфт Баҳрулло Файзализода.
Иттилоъ дода шуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиал рушди содироти хизматрасониҳои таълимӣ буда, дар доираи он ҷалби пайвастаи донишҷӯёни хориҷӣ ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳими стратегӣ муайян гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар филиал 26 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил намуд, ки 6 фоизи шумораи умумии донишҷӯёнро ташкил медиҳанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






