Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ДУШАНБЕ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябри соли 2025 дар филиал Озмоишгоҳи байналмилалии минералогӣ ва маркази таҳқиқотӣ (IMLRC) таъсис дода шуд. Дар пойгоҳи озмоишгоҳии филиал иҷрои таҳқиқоти технологӣ таъмин гардида, дар IMLRC иҷрои таҳлилҳои аналитикӣ ба роҳ монда шудааст. Муҳимтарин дастоварди нимсолаи якуми соли равон муваффақона гузаштани IMLRC аз аккредитатсияи байналмилалӣ мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» дар шаҳри Душанбе Муъминҷон Ҷӯразода иттилоъ дод.
Озмоишгоҳ аввалин озмоишгоҳи мустақили байналмилалии аккредитатсияшудаи Тоҷикистон дар соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ-металлургӣ ба ҳисоб меравад. Дар доираи аккредитатсия салоҳияти озмоишгоҳ барои муайян намудани 75 унсури кимиёвӣ, аз ҷумла элементҳои нодири заминӣ тибқи методикаҳои муосири байналмилалӣ тасдиқ гардид.
«Дар айни замон IMLRC ба корхонаҳои давлатӣ ва хусусии соҳаи геология, истихроҷ ва коркарди маъдан хизмати таҳлилӣ, минералогӣ ва технологӣ мерасонад. Дар ояндаи наздик ҷалби сармоягузориҳои иловагӣ барои такмили таҷҳизоти озмоишгоҳ ва васеъ намудани фаъолияти илмӣ ба нақша гирифта шудааст»,-гуфт Муъминҷон Ҷӯразода.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон 127 донишҷӯ филиалро аз рӯи 4 ихтисос хатм намуда, 21 нафари он сазовори дипломи аъло гардиданд.
Солҳои охир таваҷҷуҳи идораву корхонаҳои гуногун ба хатмкунандагони филиал хубтар гашта, масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо ҳалли худро ёфта истодааст. Ҳар сол то 80-85 фоизи хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавӣ бо роҳхат бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Филиал тадбирҳои мушаххас меандешад, ки робитаро бо вазорату идораҳо ва корхонаҳои саноатӣ дар шакли сифатан нав ба роҳ монда, масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагонро беҳтар намояд.
Дар нимсолаи якуми ҳисоботӣ дар филиал 13 шаҳрванди хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






