НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол дар нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 10 ҳазор ҷой зиёд ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 05.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва миёнаи касбӣ 74 ҳазору 510 ҷойро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2025 10 ҳазору 154 ҷой ё 15,78 дарсад зиёд аст. Барои коллеҷҳо дар заминаи синфи 9-ум низ нақша 4719 ҷой ё 26,64 дарсад афзуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба иттилои директори марказ, дар давраи якум (асосӣ), ки аз 2 март то 30 апрел идома ёфт, 116 ҳазору 568 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба қайд гирифта шуданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2025 28 ҳазору 802 нафар ё 32,82 дарсад зиёд буда, 107,98 дарсади нақшаи қабулро ташкил дод.
Дар заминаи синфи 9 22 ҳазору 605 довталаб номнавис шуданд, ки нисбат ба соли 2025 2908 нафар ё 14,76 дарсад зиёд буда, 100,76 дарсади нақшаи қабулро ташкил дод.
«Дар давраи дуюми бақайдгирӣ- аз 10 то 30 июн дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт 7755 довталаб дар заминаи синфи 11 ба қайд гирифта шуданд. Аз ҳама бештар гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм – филология, педагогика ва санъат (1974 нафар) ва 5-ум — тиб, биология ва варзиш (1950 нафар) интихоб гардиданд.
Дар заминаи синфи 9-ум 2526 довталаб номнавис шуданд, ки 1610 нафари онҳо гурӯҳи ихтисосҳои 5-умро интихоб карданд.
Дар заминаи синфи 11-ум 124 ҳазору 323 довталаб ба қайд гирифта шуданд, ки 31 ҳазору 335 нафар бештар аз соли 2025 мебошанд. Ин шумора 115,16 дарсади нақшаи қабулро ташкил медиҳад. Дар заминаи синфи 9-ум шумораи умумӣ 25 ҳазору 131 нафарро ташкил дода, нисбат ба соли 2025 3348 нафар афзуд, ки ба 112,02 дарсади нақшаи қабул баробар аст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






