НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд
ДУШАНБЕ, 05.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол донишкадаро 228 нафар хатм намуданд. Аз ҷумла 14 нафар сазовори дипломи аъло гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 5 нафар зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Сироҷиддин Ҷурахонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки раёсати донишкада таъмини мутахассисони ҷавонро бо ҷойи кор яке аз масъалаҳои калидии фаъолият дониста, донишҷӯёнеро, ки ба тариқи буҷавӣ хатм менамоянд, ҳар сол тибқи роҳхат бо кор таъмин менамояд. Дар баробари ин, донишҷӯёни ба тариқи шартномавӣ хатмкарда низ бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Аз шумораи умумии хатмкардагон 31 нафар хатмкардаи гурӯҳҳои буҷавии равияи омӯзгорӣ тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15 хатмкардаи гурӯҳҳои буҷавии равияи ғайриомӯзгорӣ дар асоси роҳхати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Дар донишкада се факултет ва 8 кафедра фаъолият дошта, раванди таълим дар зинаи бакалавриат, магистратура ва докторантура (доктор PhD) амалӣ мегардад.
Дар ин давра аз ҷониби омӯзгорони донишкада 116 мақолаи илмӣ-назариявӣ ва оммавӣ, 4 монография, 3 китоб, 9 дастури методӣ, 1 дастури таълимӣ ва 1 луғати соҳавӣ ба нашр расонида шуд.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби кафедраҳо ва китобхона 45 маҳфил ва дарсҳои маҳорати касбии «Устод ва шогирд» баргузор гардиданд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






