НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ноҳияи Вахш ба хориҷи Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ содирот менамояд
ДУШАНБЕ, 10.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 аз ноҳияи Вахш ба хориҷи мамлакат 3,1 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов иттилоъ дод.
Дар ноҳия 6245 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамояд. Аъзои ин хоҷагиҳо ҳар қитъаи заминро оқилонаву самаранок истифода бурда, бо маҳсулоти истеҳсолнамудаашон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзишманд мегузоранд. Дар ин давра дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 164 миллиону 128,8 ҳазор сомонӣ расонида шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли 2026 18 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бунёд гардида, сохтмони 63 иншооти дигари саноатӣ идома дорад.
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 150 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, марҳила ба марҳила иншооти нави иловагӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар соҳаи маориф сохтмони 3 мактаби нав, 156 синфхонаи иловагӣ барои 7,8 ҳазор ҷойи нишаст, 3 боғчаи кӯдакона ва 7 ҳазор ҷойи нишаст дар варзишгоҳҳо идома дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд






