Оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Зиёратшо Ғуломзода бо намояндагони низоми байналмилалии пардохтии VISA, ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», ҶСП «Ҳумо Бонк» ва ҶСК «Алиф Бонк» баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки лар вохӯрӣ намояндагони низоми пардохтии байналмилалии VISA ва ташкилоти қарзии молиявӣ барои татбиқи хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay изҳори омодагӣ намуданд.
Ба роҳ мондани хизматрасонии Apple Pay марҳилаи муҳимми рушди низоми миллии пардохтӣ буда, ҳамгироии бозори молиявии Тоҷикистон ба низоми ҷаҳонии рақамӣ, бозгӯи мутобиқ гардидани инфрасохтори пардохтии кишвар ба талаботи муосири байналмилалӣ ва омодагии ташкилоти қарзии молиявӣ барои ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, муносиб ва бехатари пардохтӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рақамикунонии иқтисодиёт, рушди инноватсияҳои молиявӣ ва тавсеаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ пайваста тадбирҳо амалӣ мегарданд.
Бо мақсади иҷрои вазифаҳои муайянгардида Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти қарзии молиявӣ барои рушди инфрасохтори муосири пардохтӣ корҳои назаррас ба анҷом расонидааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ низомҳои ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ дар реҷаи вақти воқеӣ, интиқолҳои фаврӣ, хизматрасониҳои бонкдории мобиливу интернетӣ ва QR-рамзи ягона фаъолият доранд.
Дар баробари хизматрасониҳои байналмилалии пардохтии Google Pay ва Garmin Pay ба роҳ мондани Apple Pay доираи хизматрасониҳои муосири пардохтиро боз ҳам фарох менамояд.
Ҷорӣ намудани ин хизматрасонии муосири пардохтӣ натиҷаи тадбирҳои пайгиронаи Бонки миллии Тоҷикистон дар самти рушди инфрасохтори низоми пардохтӣ, татбиқи технологияҳои пешрафтаи молиявӣ, тавсеаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ҳамгироии низоми пардохтии мамлакат ба фазои ҷаҳонии рақамӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ дар доираи сиёсати рушди иқтисоди рақамӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионии пардохтӣ, баланд бардоштани сатҳи фарогирии молиявӣ ва густариши хизматрасониҳои муосири пардохтӣ чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






