«ОФТОБ ДАР ХУРРАМЗАМИН». Таҳти чунин унвон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби нав ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 05.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашриёти «Балоғат» китоби «Офтоб дар Хуррамзамин» аз чоп баромад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Китоб бо ибтикори номзади илмҳои иқтисодӣ, муҳандис-электрик Аслиддин Назарзода ва нависанда Нозир Ёдгорӣ нашр шуда, ба таърих, ташаккул ва зиндагии мардуми деҳаи ободу шукуфони Хуррамзамини ноҳияи Данғара бахшида шудааст. Мураттибон кӯшидаанд, ки роҳи ташаккул, рушд ва зиндагии сокинони деҳаи Хуррамзамини Ҷамоати деҳоти Исмат Шарифовро ба таври воқеъбинона ва ҷолиб инъикос намоянд. Дар китоб ҳаёти мардуми заҳматкаш ин деҳа аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ, рафти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ва ба маҳалли ободу зебо ва пешрафта табдил ёфтани он дар партави Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир гардидааст.
Мавзуи меҳварии китоб бозгӯи он аст, ки дар пешрафт, ободонӣ ва беҳбуди зиндагии сокинони деҳа нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург мебошад.
Яке аз бобҳои китоб ба муаррифии аҳли зиё, шахсиятҳои маъруф ва фарзандони номдори деҳаи Хуррамзамин бахшида шуда, хонандаро бо ҳаёт ва фаъолияти онҳо шинос месозад.
Мураттибон тасмим гирифтаанд, ки ин китобро ба китобхонаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Исмат Шарифов дастрас ва тақдим намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд






