Оид ба кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон Созишномаи қарзии иловагӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 07.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таҳкими шабакаи тақсимоти барқ дар шаҳри Кӯлоб дар робита ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» Созишномаи қарзии иловагӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Созишнома 5 август аз ҷониби Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи ваколатдори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба имзо расид.
Маблағи қарзи иловагӣ дар доираи созишнома 10 миллион евроро ташкил медиҳад. Ҳадафи асосии лоиҳа кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ тавассути қисман таҷдид намудани шабакаҳои тақсимоти неруи барқ, ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирӣ ва биллинг, инчунин насбу васли ҳисобкунакҳои интеллектуалии электронии неруи барқ мебошад.
Татбиқи лоиҳа ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шабакаҳои тақсимоти неруи барқ, коҳиш додани талафоти неруи барқ, беҳтар намудани сифати таъминоти барқ ба истифодабарандагон ва таҳкими эътимоднокии низоми энергетикии вилояти Хатлон мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид






