Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоиш доир шуд

Август 29, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 29.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки «истиқлолият бузургтарин дастоварди таърихии миллати мо буда, асоси сарбаландӣ, озодӣ ва рушди давлатдориву ҷомеаи навини тоҷикон маҳсуб мешавад. Ин рӯйдоди тақдирсоз ба ҳар яки мо масъулияти бештар бахшида, моро ба ваҳдат, меҳнатдӯстӣ ва садоқат ба Ватан раҳнамун месозад. Бо амалигардонии сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик дубора ташаббускору созанда будани худро ба оламиён исбот намуд ва дар баробари ноил шудан ба дастовардҳои нав дар ҳама ҷанбаҳои ҳаётӣ боз суннату арзишҳои миллиро эҳё сохт».

Иброз гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ ба мо имконият фароҳам овард, ки бо такя ба фарҳанги ғанӣ, таърихи пурифтихор, ҳувияти миллӣ ва неруи созандаи мардуми кишвар барои ободии Ватан ва зиндагии шоистаи наслҳои имрӯз ва фардо саъю талош намоем.

Имрӯз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки Тоҷикистон таҳти парчами истиқлол, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузорад. Ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу ваҳдат ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди ватандӯст мебошад.

Кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайгирӣ аз иқдомоти созандаи роҳбарияти мамлакат талош доранд, ки дар шукуфоии бештари Ватан ҳисса гузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти соҳаи сохтмонро борҳо таъкид намуда, онро яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ва нишондиҳандаи рушди давлат арзёбӣ намудаанд. Дар ҳақиқат, сатҳу сифати иншооти бунёдшуда на танҳо имконияти иқтисодӣ ва техникиву муҳандисии давлат, балки фарҳанги шаҳрсозӣ ва сатҳи масъулияти ҷомеаро низ инъикос менамояд.

Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд, «мардуми ориёитабор, мо, тоҷикон, аз қадим шаҳрсоз будем, меъмор будем. Тарзе бунёд кардан даркор аст, ки садсолаҳо ба ин давлату миллат хизмат расонад». Ин таъкид барои ҳар меъмор, муҳандис, лоиҳакаш ва сохтмончӣ бояд раҳнамои муҳими фаъолияти касбӣ бошанд.

«Ин ҳидоят моро водор месозад, ки дар баробари истифодаи технологияҳои пешрафта суннатҳои волои шаҳрсозиву меъмории миллиро идома дода, ба сифати лоиҳакашӣ ва сохтмон, устуворӣ ва бехатарии иншоот, инчунин ба арзиши эстетикиву фарҳангии онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Зеро он чизе, ки имрӯз бунёд мекунем, на танҳо барои ҷомеаи имрӯза, балки барои наслҳои оянда низ хизмат хоҳад кард»,-иброз гардид дар ҳамоиш.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба як зумра собиқадорон ва кормандон барои саҳми арзанда, комёбӣ ва дастовардҳои назаррас дар рушди соҳаи меъморӣ, сохтмон ва шаҳрсозӣ мукофотҳои соҳавӣ супорида шуданд.

АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 29, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд