Оид ба рушд ва таҳкими мониторинги обуҳавошиносӣ ва ҳифзи пиряхҳо конфронси байналмилалӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 08.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва таҳкими мониторинги обуҳавошиносӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар кори конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва коршиносони соҳаи иқлим иштирок намуда, масъалаҳо доир ба ҳифзи пиряхҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, системаҳои муосири мониторинг ва пешгӯии обуҳавошиносӣ ва идоракунии устувори захираҳои обро баррасӣ менамоянд.
Ҳамзамон ҳамкории байналмилалии илмӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, оид ба муколамаҳои байналмилалӣ, рушди ояндаи устувории иқлим, обуҳавошиносӣ ва илмҳои криосферӣ табодули афкор доир мегардад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






