Оид ба таҳкими истиқлоли илмӣ ва рушди он дар замони муосир ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд

Август 13, 2026 14:38

ДУШАНБЕ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 август дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвон «Таҳкими истиқлоли илмӣ ва рушди он дар замони муосир» ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш масъалаҳои муҳими марбут ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди давлатдорӣ, ҷомеа, илм, маориф, фарҳанг, ҳуқуқ ва омодасозии кадрҳои илмӣ баррасӣ шуданд.

Баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар шароити муосир дар рушди илм ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии пешрафти давлат ва ҷомеа маҳсуб мешавад, нақши муҳим дорад.

Дар ҳамоиш баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ, омода намудани мутахассисони ҷавон, тақвияти фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва экспертӣ, риояи талаботи меъёрҳои илмӣ ва баланд бардоштани масъулияти муҳаққиқон масъалаҳои муҳимми рушди соҳаи илм арзёбӣ гардиданд.

Нақши илм яке аз масъала ва сармояҳои асосии зеҳнии давлат буда, пешрафти ҷомеаи муосирро бе рушди илму дониш, таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, технологияҳои нав ва истифодаи самараноки неруи зеҳнӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ баланд бардоштани масъулияти олимон дар таҳқиқи масъалаҳои муҳимми ҷомеа ва баланд бардоштани робитаи илм бо ниёзҳои воқеии давлат муҳим аст.

«Ҷомеаи донишбунёд ҷомеаест, ки дар он илм ба раванди қабули қарорҳо, таҳияи барномаҳои рушд ва ҳалли масъалаҳои муҳими давлатӣ ва иҷтимоӣ пайванди мустақим дорад. Дар чунин шароит тарбияи насли дорои ҷаҳонбинии илмӣ, тафаккури созанда ва малакаҳои таҳлилӣ аҳамияти хосса касб менамояд»,–таъкид шуд дар ҳамоиш.

Иштирокчиён баён доштанд, ки дар шароити соҳибистиқлолӣ барои пешрафти илм заминаҳои мусоид фароҳам омада, зарурати истифодаи самараноки ин имконият рӯз то рӯз бештар мегардад. Дар ин раванд баланд бардоштани сифати таҳқиқот, пешгирии тақлид ва такрор дар корҳои илмӣ, риояи меъёрҳои ахлоқи илмӣ, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот ва омодасозии кадрҳои ҷавони илмӣ аҳамияти махсус доранд. Маҳз тавассути рушди иқтидори илмӣ ва зеҳнӣ метавон ба масъалаҳои мураккаби замони муосир посухҳои илмӣ пайдо намуд.

Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳамоишҳои илмӣ аҳамияти хосса доранд. Зеро онҳо имконият медиҳанд, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, вазифаҳои нав дар самти рушди илм, маориф ва омодасозии кадрҳои илмӣ муайян карда шаванд.

АКС: Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 13, 2026 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд